Кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд вусъат меёбад

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо суръат идома доранд.

Cоли равон кишоварзони яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят-ноҳияи Конибодом азм доранд сари вақт бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишти баҳорӣ, хосатан кишти пунбадонаро сари вақт гузаронида,  ҳосили фаровон ба даст оранд.

Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ мавсими кишту кор оғоз ёфта, деҳқонон ба кишти зироати баҳорӣ, аз ҷумла пунбадона шурӯъ намудаанд. Соли равон деҳқонони шаҳри Конибодом нақша доранд дар майдони 7897 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд, ки аз он 5300 гектарашро пахта ташкил медиҳад.

АМИТ "Ховар"

Tags: