Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
Опубликовано ср, 18/09/2024 - 08:38 пользователем tvtДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ Сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд.