Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Опубликовано чт, 27/03/2025 - 13:35 пользователем tvtДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода гузориш дод.