Хабар

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

20.03.2025, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум
сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.

Барқияҳои табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз

ДУШАНБЕ, 21.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз паём ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд. Дар онҳо, аз ҷумла омадааст:  

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ҷаноби Олӣ,

Страницы