Хабар

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Оянда

23.09.2024, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам ҷаноби Раис!

Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Нахуст, мехоҳам ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ташаббуси ташкили Саммити Оянда ва даъват барои иштирок дар ин ҳамоиши муҳим арзи сипос намоям.

Мо саъю талошҳои ҳамоҳангсозони Паймон ба хотири оянда — намояндагони Олмон ва Намибияро баланд арзёбӣ менамоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар мулоқот рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.

Страницы