Хабар

Рамазон Раҳимзода: «Тамоми ҳайати ВКД барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми интихоботи Маҷлиси намояндагон ҷалб мегарданд»

Тамоми ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми  интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020  доир мегардад, ҷалб карда мешаванд.

«Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская» дар намоишгоҳи «ProdExpo-2020» соҳиби ду медали тилло гардиданд

Обҳои ташнагишикани «Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская»-и  ширкати «Евро Азия-2005»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар  доираи намоишгоҳи «ProdExpo-2020»  дар шаҳри Москва доир шуд,  соҳиби 2 медали тиллоӣ гардиданд.

Дар Чин шумораи қурбониёни коронавирус ба 1770 нафар расид

Дар Чин шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав COVID-2019 ба 70,5 ҳазор нафар расид. Табибон вазъи 10.6 ҳазор беморро вазнин арзёбӣ менамоянд. 1770 нафари дигар вафот карданд. Як рӯз қабл дар бораи 68,5 ҳазор сироятёфтагон ва 1665 қурбонӣ иттилоъ расида буд.

Страницы