Хабар

Суғд: Имрӯз дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маъракаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ оғоз гардид

Имрӯз, 1 март, аз субҳи барвақт-соати 06:00 дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии ҷумҳуриявӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ҷараён гирифт.

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ. Ба номзади арзанда овоз медиҳем!

Ин лаҳзаҳо дар тамоми  участкаҳои интихоботии  ҷумҳурӣ  маъракаи овоздиҳӣ идома дорад. Интихобкунандагон  дастаҷамъона барои интихоби номзади арзанда ба ҳавзаҳои интихоботӣ ворид гашта истодаанд.

ИНТИХОБОТ-2020. 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон то соати 09:00 дар интихобот ширкат варзиданд

То соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд. Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Носирҷон Салимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Страницы