Дар Чин ҳолати паҳншавии коронавирус баръало тамоюли хуб пайдо мекунад: тӯли як шабонарӯз 1578 нафар солимиашонро барқарор намуда, ҳамагӣ 24 одам сироят ёфтаанд ва 22 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии беҳдошт ва ҳифзи солимии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шумораи мубталоёни вирус ба 80,7 ҳазор нафар расида, аз он 61,4 нафар сиҳат шудаанд ва 3158 нафар фавтидаанд. Аз рӯи ҳисоби нав, сатҳи фавт аз вирус дар Чин дар қиёс бо рӯзи гузашта, ки он вақт 3,88% буд, имрӯз 3,9% -ро ташкил медиҳад. Фоизи одамоне, ки дар як шабонарӯз саломатиашон барқарор шудааст, аз 74,1% то 76,1% зиёд шудааст.
Вазъият дар Италия то ҳол мураккаб боқӣ мемонад, он берун аз ҶМЧ ба маркази бузургтарини сироят табдил ёфтааст: дар як шабонарӯз онҷо 168 бемор ҳалок шудаанд. Аз лаҳзаи сар задани бемории коронавирус зиёда аз 10 ҳазор одам сироят ёфтаанд, бештар аз ҳазор нафар табобат шуда, 631 нафар ҷон супурданд.
Теъдоди мубталоёни коронавируси намуди нав дар Кореяи Ҷанубӣ (он аз ҷиҳати сироятнокӣ сеюм аст) 242 нафар зиёд шуда, ҳамагӣ дар кишвар 7755 ҳолати беморӣ қайд гардидааст,- хабар дод рӯзи сешанбе Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар назди Вазорати тандурустии кишвари номбурда. Дар як шабонарӯз 6 нафар ҳалок гардида, шумораи умумии фавт дар кишвар ба 60 нафар расид.
Нахустин ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Туркия, Боливия, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Ямайка тасдиқ шуданд. Дар маҷмӯъ, ин вирус қариб дар 110 кишвар ошкор шудааст.
АМИТ «Ховар»