Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номи вируси навро короно 19 (COVID-19) интихоб кард
Опубликовано ср, 12/02/2020 - 15:36 пользователем admin
11 феврал Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) барои вируси наве, ки имрӯз ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, расман номи короно 19 (COVID-19) интихоб намуд. Ин ишора ба «короно», «вирус», «беморӣ» ва 2019 дорад, ки соли кашфи он аст. То дирӯз ин беморӣ бо номи илмии 2019-nCoV ёд мешуд.


12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.
Тибқи изҳороти Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Чин 44,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки аз он 1113 нафар фавтида, 4740 нафарашон шифо ёфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.