Вазорати нақлиёт: Роҳи Душанбе — Хоруғ кушода аст
Опубликовано чт, 09/04/2020 - 13:02 пользователем admin
Роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе — Хоруғ кушода буда, ҳаракати муназзами ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар он таъмин гардидааст. Масъулин роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағжиш коркард менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.


Дар пайи боридани барфи шадиди шабонарӯзи гузашта дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе масъулини сохторҳои дахлдор ба тоза намудани роҳҳои мошингард ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шурӯъ намуда, корҳо дар ин самт идома доранд.