Хабар

Кишоварзони Ҳисор дар 2500 гектар пунбадона кишт менамоянд

Деҳқонони  шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки соли равон  бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ва имкониятҳои мавҷудаи аграрӣ дар 2500 гектар пунбадона  кишт  намоянд.

Дар Хоруғ оид ба пешгирии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд

Дар маркази саломатии шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунанда оид ба пешгирии бемории коронавирус ташкил гардидааст. Ба он коршиносони соҳаи тандурустӣ шомил гардида, ҳамарӯза ба аҳолӣ қоидаҳои одитарини санитариро ҷиҳати беҳдошти хонаю коргоҳ  мефаҳмонанд.

ФУТБОЛ: Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон оғоз гардид

19 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон оғоз гардид, ки дар он 10 даста иштирок доранд. Дар ин бора  мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Страницы