Хабар

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Эрон аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Чин пеш гузашт

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 647 ҳазору 744 кас ва фавтидагон 170 ҳазору 439 тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Сардори шуъбаи Прокуратураи пойтахт бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтид

Сардори шуъбаи назорати милитсияи Прокуратураи шаҳри Душанбе  Ҷалолиддин Абдуҷабборзода бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар  ӯ ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия бе тамдиди муҳлати патент ва бақайдгирӣ метавонанд кори худро идома диҳанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия метавонанд бе тамдид намудани муҳлати патент, бақайдгирӣ дар маҳали иқомат ва дигар иҷозатномаҳо барои кор дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия, яъне новобаста ба он ки дар кадом шаҳру вилоятҳои Россия зиндагӣ доранд, кори худро идома диҳанд.

Страницы