Хабар

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Давлати Фаластинро ба ҳузур пазируфт

3 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

150 нафар наваскарон аз майдони Қалъаи Ҳисор ба сафи Артиши миллӣ рафтанд

3 апрел дар майдони Қалъаи Ҳисор маросими шаҳрии гусели 150 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, падару модарони наваскарон ва ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.

Дар Душанбе ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19-ро баррасӣ намуданд

Мавзӯи «Ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони буҳрони COVID-19» имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисон ва коршиносони соҳа баррасӣ гардид.

Страницы