Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
22 апрел ба бахши навбатдории Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба ин ҳодисаи фавқулода хабар расид.
Дар фурсати хеле кӯтоҳ наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, занро аз об берун оварданд. Маълум гардид, ки ӯ 37 сол дошта, сокини шаҳри Хуҷанд будааст.
То омадани мошини «Ёрии таъҷилӣ» наҷотдиҳандагони Кумита ба зани ҷавон кумаки аввалини тиббӣ расонида, сипас ӯро ба бемористон интиқол доданд.
Сабабҳои худро ба об партофтани зан муайян карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»