Хабар

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева эътимоднома супорид

Имрӯз, 20 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Мудири кулли шуъбаи СММ дар Женева хонум Татяна Валовая эътимоднома супорид. Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

Аз 1 август тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли  равон ба тасвиб расид, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Страницы