Хабар

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор шуд

12 июл таҳти раёсати  Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум  доир гардид.    

Дар Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин гузаронида мешавад

Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзӯи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад.

Озмуни мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бахшида ба қабул шудани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», инчунин ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ гузаронида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Страницы