Дар Тоҷикистон то 22 июл болоравии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел дар назар аст
Опубликовано пт, 21/07/2023 - 12:05 пользователем tvtБа маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 22 июл дар якчанд ноҳияи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани сел боқӣ монда, дар ҳавзаи дарёи Панҷ болоравии сатҳи об дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо боэҳтиёт бошанд.