Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати паст пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои тағйирёбандаи ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.
АМИТ "Ховар"