Намояндагони минтақаҳои Россия азм доранд дар Суғд корхонаҳои гуногуни саноатиро фаъол гардонанд
Опубликовано чт, 20/04/2017 - 16:40 пользователем tvt
Ҷониби Федератсия Россия баҳри тавсеи ҳамкорӣ бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ҳавасманданд ва нақша доранд солҳои наздик дар қаламрави ин вилоят корхонаҳои гуногуни саноатиро фаъол гардонанд.


Дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи тақсимоти қуттии кирмак идома дорад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак нақшаро сари вақт иҷро намоянд.
Дирӯз дар ноҳияи Ашт даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид, ки дар он Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳия, Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оила ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов иштирок намуданд.