Парламент

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байни парлумонӣ таҳти унвони «Ҷаҳони кушода» ба Амрико сафар намуданд

Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Амрико сафар намуданд.

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дароз карда мешавад

Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тағйирот  ворид менамояд, ки тибқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.

Масъалаи мазкур  9 апрел дар ҷаласаи Шӯрои  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ  шуд.

Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иловаҳо ворид карданд

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии  иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки 4 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» тағйирот ворид намуданд.

Страницы