Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид менамояд, ки тибқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.
Масъалаи мазкур 9 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар назди аъзои Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро тавзеҳ дод.
Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳое, ки дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 ба Парлумони мамлакат баён гардидаанд, омода шудааст.
АМИТ "Ховар"