Парламент

Парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйирот ворид менамояд

Ояндаи наздик палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  тағйирот ворид менамояд. Масъалаи  мазкур  дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Пагоҳ дар Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад

Пагоҳ, 11 май, дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум  баргузор мегардад.

Тавре аз палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, дар иҷлосия  маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Барои ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ мешавад

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Страницы