обу ҳаво

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона  +3+8 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15 ва рӯзона -0-6 дараҷа сард  мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат то ба 38 дараҷа мерасад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то 3538 дараҷа мерасад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 32-37 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  8+10 ва рӯзона +23+25 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ то 2 дараҷа баландшавии ҳарорат дар назар аст

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона   нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа баланд гашта, дар бештари ноҳияҳо ба 42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Страницы