обу ҳаво

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст фаромада, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст.

Пас аз гармиҳои тоқатфарсо пастшавии ҳарорат дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз низ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, шурӯъ аз 8 то 11 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 2-3 дараҷа  паст мешавад. Дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Гармии ҳаво дар баъзе ноҳияҳо то 40 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы