Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кишвар борон ва дар баландиҳои 2500 м барф меборад
Опубликовано ср, 18/10/2017 - 09:03 пользователем tvtИмрӯз дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд аз тарафи шимолу ғарб вазиши сахти бод то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар бархе ҷойҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзамон ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорати рӯзона паст гардида, ба 8-13 дараҷа мерасад.