ОБУ ҲАВО: ҳарорат дар аксар манотиқи Тоҷикистон рӯ ба пастшавӣ меорад
Опубликовано пн, 25/09/2017 - 11:23 пользователем tvtИмрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад.


Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафтаи моҳи сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои шарқии мамлакат боридани барф пешгӯӣ мешавад.