обу ҳаво

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, туман мефарояд

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 31 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор ва фаромадани туман дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз сокинони мамлакатро ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 30 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  танҳо шабона боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид ва сард хоҳад шуд

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ сокинони мамлакатро ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши бод интизор аст.

Имрӯз, 27 январ дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Страницы