Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ

ҶОЙГОҲИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар матни таърихи сиёсии охири садаи ХХ як ҳодисаи ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Дарку тасаввури ин воқеият роҳбарият ва мардуми ҷумҳуриҳои иттифоқиро лолу ҳайрон гардонид. Маълум буд, ки замони парокандагӣ фаро расидааст.

«25 СОЛ МУҚАДДАМ, 16 НОЯБРИ СОЛИ 1992, БО МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ…»

«Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

 Эмомалӣ Раҳмон

Сахидод Раҳматуллозода: «Сухани Роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар дили сокинони кишвар умед ба фардоро бедор намуд»

Дастоварди асосии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир гардид, ба даст овардани роҳи наҷоти давлату миллат, ҳифзи якпорчагии кишвар ва бунёди сохти конститутсионии он бо роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо ҷасорат ва садоқати хеш аз

Страницы