Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доштанд.
Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.
Сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.
Суҳбати телефонӣ дар фазои дӯстӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум сурат пазируфт.