Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчамбар гузошт.
Дар ин маросим меҳмони олимақомро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.