Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт таклифҳои судманд пешниҳод шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ иброз доштанд.
АМИТ "Ховар"