9 августи соли равон дар Душанбе Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши (бизнес-форуми) намояндагони доираҳои соҳибкорони ин давлатҳо баргузор мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори Шӯрои мазкур бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва ғайраҳо ширкат меварзанд.
Ба иттилои манбаъ мақсади чорабинии мазкур ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор, дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ мебошад.
АМИТ "Ховар"