Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Вохӯрии имрӯзаи мо бо шумо, сокинони сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати оғози фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Навобод, инчунин, ифтитоҳи шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Шӯрообод – Шоҳон ва оғози корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб, ки маросими он баъди мулоқот бо шумо доир мегардад, сурат гирифта истодааст.
Бинобар ин, ҳамаи шумо — ҳозирини гиромӣ ва сокинони ноҳияро ба муносибати оғози фаъолияти мактаби навбунёд, инчунин, кулли мардуми вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба муносибати босифат ба анҷом расидани бунёди шоҳроҳи замонавӣ ва оғоз гардидани азнавсозии боз ду қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб–Қалъаихумб – Хоруғ — Кулма самимона табрик мегӯям.
Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарияти Бонки исломии рушд, шахсан Президенти бонк — ҷаноби доктор Ҳаҷҷар, инчунин Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтӣ, Фонди Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди Абу-Дабӣ, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва марҳалаи навбатии онро дастгириву сармоягузорӣ мекунанд, миннатдории Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро баён менамоям.
Ҳукумати мамлакат таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди роҳу пулҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалиро воситаи асосии таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ мешуморад.
Барои анҷоми муваффақонаи лоиҳаи имрӯза 93 миллион доллари амрикоӣ ё 741 миллион сомонӣ сарф гардида, 40 километр роҳ ва 10 пул ба дарозии 1121 метр мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамин тавр, бо дарназардошти қитъаи роҳи Шоҳон — Зиғар дар ҳудуди ноҳия 54 километр роҳ ва 13 пул, ки ҷавобгӯи талаботи муосири хизматрасонии нақлиётӣ мебошад, ба истифода супорида шуд.
Мо бунёду азнавсозии қитъаҳои шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб- Хоруғ-Кулмаро минбаъд низ идома медиҳем.
Бо ин мақсад, тавре ки гуфтам чанд лаҳза баъд ба корҳои таҷдиди роҳ дар қитъаҳои Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб ба масофаи 58 километр ва бо харҷи наздики 865 миллион сомонӣ ҳусни оғоз мебахшем.
Таҷдиду навсозии роҳҳои зикршуда натанҳо робитаи байналмилалии нақлиётиро таъмин мекунад, балки ба рафтуомади байни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чор фасли сол мусоидат намуда, боиси тавсеа пайдо кардани савдои наздисарҳадӣ ва боз ҳам афзоиш ёфтани мубодилаи молу маҳсулот бо кишварҳои хориҷӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки барои шабакаҳои нақлиётии кишвар бунёду азнавсозии роҳҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ нақши муҳим дорад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои нақлиёт, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин вазифадоранд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои зикршуда, инчунин, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои таъмиру азнавсозӣ кардани роҳҳои дохилии ноҳия ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Маҳз ба шарофати соҳибихтиёрии давлат ва иқдомҳои ватандӯстонаи сокинон рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таъмин гардида, дар ин муддат барои тараққиёти соҳаҳои мухталифи он аз ҳисоби буҷети давлат 280 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст, ки нисбат ба 15 соли пеш 33 баробар зиёд аст.
То имрӯз барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар доираи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ беш аз 900 миллион сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидаанд.
Илова бар ин, Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то соли 2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 141 лоиҳа ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ дар назар аст.
Дар замони истиқлолият дар ноҳия 14 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуда, садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта дар муқоиса бо соли 1998 зиёда аз 20 баробар афзудааст.
Дар қаламрави ноҳия захираҳои бойи ашёи хом ва канданиҳои фоиданок, аз ҷумла тилло, маъданҳои гуногун, ангиштсанг ва масолеҳи сохтмон мавҷуданд. Истифодаи оқилонаи онҳо имконият медиҳад, ки дар оянда пешрафти боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин карда шавад.
Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа ба роҳ мондани коркарди намак, ки захираи он миллиардҳо тоннаро ташкил медиҳад, боиси ташкил гардидани ҷойҳои нави корӣ ва тараққиёти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мегардад.
Ғайр аз ин, парвариши меваҳои хуштаъму болаззат барои таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди мева мусоидат намуда, имкониятҳои зиёди ба роҳ мондани коркарди растаниву гиёҳҳои шифобахш, тараққӣ додани соҳаи дорусозӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ мавҷуданд.
Мо имрӯз дар маросими оғози фаъолияти як корхонаи коркарди мева иштирок кардем, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ бунёд шудааст.
Вобаста ба ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди маҳал, рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд бо ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорони ватанӣ ва сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои коркарди мева, маъдану масолеҳи сохтмон ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Имрӯз дар баробари ифтитоҳи як қатор иншооту коргоҳҳои нав, аз ҷумла меҳмонхонаи замонавӣ, мо дар маркази ноҳия бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун санги асоси бунёди варзишгоҳ ва Қасри фарҳангро гузоштем ва ба роҳбарону мутахассисони сохтору мақомоти дахлдор супориш додем, ки сохтмони ҳар ду иншооти зикршударо бо сифати баланд ва дар муҳлати наздиктарин ба анҷом расонанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавзеъи бисёр мусоиди кишоварзӣ мебошад.
Тибқи таҳлилҳо дар тӯли 21 соли охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 5 баробар афзоиш ёфта, аз 55 миллион сомонии соли 1995 ба 277 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки шароиту имкониятҳои ноҳия доир ба парвариши ғалладонагиҳо, боғпарварӣ ва махсусан анор, инчунин, чорводорӣ ва парандапарварӣ хеле зиёданд.
Мехоҳам як нуктаро зикр намоям, ки солҳои пеш анори хушлаззати мавзеи Анҷироб на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он машҳур буд ва ҳар сол аз ин мавзеъ садҳо тонна анори хушсифат барои фурӯш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол дода мешуд.
Вале, мутаассифона, айни замон майдони боғҳои анори ноҳия нисбат ба соли 1991- ум 240 гектар кам шудааст, ки чунин вазъ бо сабаби норасоии об ва риоя нагардидани агротехникаи боғдорӣ ба амал омадааст.
Дар сурати насб кардани таҷҳизоти обрасонӣ дар масофаи то 10 километр аз дарёи Панҷ зиёда аз 240 гектар боғи анор бунёд гардида, иловатан 500 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд, ки барои барқарор намудани боғҳои анор, афзун намудани парвариши зироатҳои гуногун, аз ҷумла картошка ва мева мусоидат хоҳад кард.
Бинобар ин, зарур аст, ки вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба ин масъала лоиҳаи сармоягузориро таҳия ва амалӣ намоянд.
Иқлими ноҳия барои бамаротиб зиёд намудани парвариши зироатҳои лубиёгӣ ниҳоят мувофиқ буда, ҳамчунин, имкониятҳо доир ба рушди соҳаи чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ то ҳанӯз пурра истифода нагардидаанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисон, кишоварзон ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти ба таври назаррас зиёд кардани истеҳсоли зироатҳои ғалладонагиву мева ва рушди чорводориву занбӯриасалпарварӣ чораҳои судманд андешанд.
Дар ноҳия мамнӯъгоҳи давлатии “Даштиҷум” дар масоҳати қариб 20 ҳазор гектар таъсис дода шуда, дар ҳудуди он намудҳои нодири ҳайвонот ва парандаву наботот, ки қисми зиёди онҳо ба Китоби сурх ва рӯйхати ҳайвоноти нодири Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил мебошанд, мавҷуданд.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, агентиҳои хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳоро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ бо мақсади зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир, ҳифзи онҳо аз шикори ғайриқонунӣ, вусъат додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши экосистемаи табиӣ лоиҳаи рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи «Даштиҷум»-ро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Дар сурати муҳайё намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва обод кардани мамнӯъгоҳ барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ пайдо гардида, ҳам барои буҷети ноҳия ва ҳам барои сокинон манбаи иловагии даромад ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё хоҳанд шуд.
Бинобар ин, зарур аст, ки тавассути ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба ин масъала аҳаммияти махсус дода шавад.
Дӯстони азиз!
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 34 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 8000 нафар хонанда бо харҷи 33 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ва 19 синфхонаи иловагӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад.
Муассисаи таълимии навбунёди имрӯза, яъне мактаби рақами 1, ки барои 760 ҷойи нишаст дар ду баст бо тамоми шароити муосир ва ба маблағи 16 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, гувоҳи ғамхории давлат нисбат ба наслҳои навраси Ватан мебошад.
Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар панҷ соли оянда дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 32 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 47 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили таъкид аст, ки соли гузашта беш аз 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дохил шудаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб ва натиҷаи заҳмати аҳли маориф, инчунин, падару модарон мебошад.
Омӯзгорон ва масъулони соҳаи маорифи ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи хонандагон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳифзи саломатии мардум ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ҳоло дар ноҳия 31 муассисаи тиббии дорои таҷҳизоти муосири ташхису табобат ба сокинон хизмат мерасонад.
Тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат беморхонаи замонавии марказии ноҳия барои 100 кат ва 10 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, ба хизмати сокинони ноҳия супорида шуд.
Илова бар ин, соли ҷорӣ сохтмони боз як маркази саломатӣ, ки бо тамоми шароити муосир таъмин хоҳад шуд, оғоз гардид.
Бо вуҷуди корҳои анҷомёфта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳоло бо истифода аз ҳузури роҳбарону масъулони ноҳия, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну фаъолон лозим мешуморам, ки як масъалаи бисёр муҳимро таъкид намоям.
Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор дар давоми панҷуним соли охир дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 854 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 169 ҳолат вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Дар ин давра 5 тоннаву 725 килограмм маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки ба ҳисоби миёна 30 фоизи маводи ҳар сол дар кишвар мусодирашавандаро ташкил медиҳад.
Чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдор, падару модарон ва умуман ҳамаи сокинони ноҳия тақозо менамояд, ки ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ ба таври қатъӣ пурзӯр намоянд.
Сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеан ватанпарвару заҳматдӯст мебошанд ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд дар тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, ба роҳи нек ҳидоят кардани онҳо, риояи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва умуман, таъмини волоияти қонун, иҷрои амалҳои неки созандаву бунёдгарона ба манфиати Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ саҳми муносиб мегузоранд.
Зеро танҳо заҳмати аҳлонаву софдилонаи ҳар яки мо метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон мушарраф гардонад.
Итминони комил дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳия, бахусус, ҷавонони далеру ватандӯст чун ҳарвақта бо дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва бо ифтихори баланди милливу хештаншиносӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани ин гӯшаи Ватани азизамон аз имрӯза бештар талош меварзанд.
Дар охир ҳамаи мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бори дигар ба муносибати бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори сипос менамоям ва ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!