Дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти муосири хизматрасонӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта шуда, барои қабули то 26 нафар меҳмон дар як шабонарӯз пешбинӣ гардидааст.
Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, ба маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар маҷмуъ масоҳати умумии бино 6 440 метри квадратиро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба масъулину кормандон ҳидоятҳои муфид доданд.
Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-Орзу» мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани меҳмонхона ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат буда, дар асоси тарҳи муосир бо назардошти сохти меъмории замонавӣ сохта шудааст.
Ҳамзамон атрофи бинои меҳмонхона ба таври замонавӣ назаррабо гардонида шуда, қомат афрохтани он ба намои зоҳирии маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зебогии дучанд зам кардааст.