Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф орваданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо самимияти хосса ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи давлату миллат истиқбол гирифтанд.
Пазироии самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ин ноҳияи кӯҳистон нишонаи пуштибонии онҳо аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Дар деҳоти Шӯрообод ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо бинои маъмурии навбунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонии ин иншоот моҳи марти соли 2014-ум оғоз гардида, он бо харҷи як миллону 700 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро, ки дар он шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, дар рӯзҳои таҷлил аз 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин арзёбӣ карданд ва онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини амнияту оромӣ ҳидоят намуданд.
Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои 6 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.
Дар бинои навсохт ҳамчунин барои кормандони шуъба манзили истиқоматӣ бунёд карда шудааст, ки шароити хуби зист доранд. Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳа калиди хонаҳои таъмин бо ашёи рӯзгорро тақдим намуданд.
Фармоишгари ин иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр» мебошад.
Масоҳати умумии мавзеи шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бунёдшуда 0,29 гектарро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чунин бинои хуштарҳу замонивиро кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат ҳамчун туҳфаи беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд
Умуман таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва фаъолият барои кормандони мақомоти қудратии мамлакат, пайваста дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои онҳо марҳила ба марҳила дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шароити арзандаи корӣ ва зиндагонӣ фароҳам оврада мешавад.