Сухани табрикотии Пешвои миллат дар маросими гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафиқон генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони шуҷои Ватан!
Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи муқаддасу фархундаи миллӣ - биступанҷсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу осоиштаи Ватан бо ифтихору сарфарозӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ таҷлил менамоянд.

Ба ин муносибат тамоми сокинони мамлакат, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат фазои орому осуда, сиҳатмандӣ, барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзумандам.

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, раванди таъсис ва ташаккули онҳо ба марҳалаи ниҳоят мураккаби ибтидои давлатдории миллиамон рост омад.

Давлат ва Ҳукумати ҷавони кишвар бо вуҷуди имконоти маҳдуди иқтисодӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намуд.

Ва имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун нерӯи тавоно ва посдори сулҳу оромии кишвар эҳтироми хосса зоҳир менамоянд, зеро ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини амнияти суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон аз худ матонати бемисл нишон додаанд.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.

Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд.

Бо итминони комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони мо ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан минбаъд низ зиракиву ҳушёрии худро аз даст надода,  барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда кӯшиши пайваста зоҳир менамоянд.

Хусусан, вазъияти  пуртазоди ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз хизматчиёни низомӣ зиракиву ҳушёрии беш аз пеш ва омодабошии доимии ҷангиро тақозо менамояд.

Бовар дорам, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву  технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини  зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд.

Афсарону сарбозони муҳтарам!

Имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати фармондеҳии он вазифаҳои басо душвору масъулиятнок қарор доранд.

Дар навбати аввал, зарур аст, ки низомиёни тоҷик ҳамқадами замон ва омодаи хизмат дар шароити бисёр мураккаби минтақа ва ҷаҳон бошанд.

Бинобар ин, ҳайати фармондеҳии тамоми ҷузъу томҳо вазифадор аст, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тақвият бахшида, барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии сарбозону афсарон ва омодабошии ҷангии онҳо дар ҳар гуна ҳолат мунтазам чораҷӯӣ намояд.

Дар ин замина бояд сифати корҳои тарбиявӣ, аз ҷумла тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ ва дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонон боз ҳам баланд бардошта шавад.

Дар баробари афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои гуногун роҳбарияти ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ таҳкими заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, пойдор гардонидани иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ  мешуморад.

Бо фармонҳои Роҳбари давлат то имрӯз ҳазорон нафар  хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷасорату шуҷоат, хизмати софдилона ва нишон додани корнамоӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои олии ҳарбӣ  ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Мо дар ҷараёни вусъати сиёсати созандаи худ барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, азнавсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда низ ҳамаи чораҳои заруриро  меандешем.

Хотирнишон месозам, ки ҳар як хизматчии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи худ сабақи мардонагиро омӯзад.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд ва бо интизоми намунавию малакаву маҳорати баланди ҷангӣ дар ҳифзи давлати соҳибистиқлоли худ ҳамеша омода хоҳанд буд.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, инчунин сокинони шарафманди кишвари азизамонро бо ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар роҳи ҳифзи Ватан ва ҳимояи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиамон, ки рамзи шарафу номуси ватандории мо мебошад, муваффақият ва сарбаландӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак, муҳофизони далеру шуҷои Ватан!

Tags: