Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Акрамиро таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих» интишор намуд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муаллиф дар рисолаи мазкур заминаҳои ташаккули давлатдории муосири тоҷиконро мавриди таҳлил ва паҳлӯҳои гуногуни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо диди нав мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Дар китоб махсусан аз назари мантиқи таърихӣ ҷойгоҳ ва мақоми иҷлосияи мазкур хеле возеҳу равшан нишон дода шудааст.
Рисола барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди зиёд аз чоп баромадааст.
АМИТ "Ховар"