Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Кохи «Суруш»-и пойтахт ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола дар мамлакат 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар  барномаи идона намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, кормандону собиқадорони сохторҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, идораву муассисаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.

Ҷамъомади тантанавиро   муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ба  иштирокдорон расонид.

 Дар ҷамъомад зикр гардид, ки  мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткориро  ба уҳда дошта, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро  соҳиб мебошад.

Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини Тоҷикистон  ҳассос бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Иштирокдорони  ҷамъомад таъкид намуданд, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд.

Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии мамлакат  мубаддал гардид.

Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба  Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Дар ҷамъомад изҳори эътимод карданд,  ки  ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа неруи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Барномаи фарҳангии иборат аз дастагули мусиқии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон бо фарогирии савту наво, суруду тарона ва рақсҳои ҷаззоб ба ҷамъомад шукӯҳи тоза бахшида,  хотири иштирокдорони  онро  болида гардонид.

АМИТ «Ховар»

Tags: