Варзишгарони тоҷик дар рӯзи чоруми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ оид ба намудҳои варзиши сабук, муай тай, гӯштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таэквондо сабқат карда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳар се медалро варзишгарони аз намуди гӯштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст оварданд: Оятулло Хоҷаев дар вазни -55 кг, Ибодулло Алибердизода дар вазни -60 кг ва Эркинбек Абдунабиев дар вазни -65 кг бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.
Бояд зикр кард, ки варзишгардухтари маъруфи тоҷикистонӣ Кристина Пронженко, ки аз намуди варзиши сабук- давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромада буд, сазовори ҷои шашум шуд.
Дар намуди таэквондо WTF варзишгардухтари дигари тоҷик Моҳру Ҳалимова дар вазни -73 кг миёни бонувон аз варзишгари Ҷумҳурии Корея Мина Мйонг, ки медали тиллои бозиҳоро сазовор шуд, мағлуб гашт.
Давлатмурод Каримов дар вазни -63 кг миёни мардон дар ду ҳарб бар варзишгарони Непал (Баҳодур Маҳара) ва Қазоқистон (Қозибек Бахтиёрулу) пирӯз шуда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Ветнам Ван Дуй Нгуйен шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор рӯз сазовори 14 медал- 1 медали нуқра ва 13 биринҷӣ гардида, миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 қарор дорад.
Туркманистон бо 89 медал (43 тилло, 28 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 26 медал (7 тилло, 4 нуқра, 15 биринҷӣ) дорад, дар ҷои дуюм мебошад. Қазоқистон бо 22 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор дорад.
Умуман то имрӯз варзишгарони 26 давлат соҳиби медал гардидаанд.
АМИТ "Ховар"