Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣдоир шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Истаравшан, Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, гӯшти парранда, тухм, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро бо нархи нисбат ба бозор 30-40 фоиз арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд.
«Ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 268 тонна маҳсулот, аз ҷумла, 125 тонна картошка, 50 тонна маҳсулоти шириву гӯштӣ ва нӯшокиҳо, 23 тонна пиёз, 11 тонна сабзӣ, 10 тонна равған, 9 тонна себ ва дигар маҳсулот бароварда шуданд»,- хабар дод манбаъ.
АМИТ «Ховар»