Собиқ сарвазири Португалия дар мубориза ба мансаби Дабири кулли СММ пешсаф аст

Собиқ сарвазири Португалия Антонио Гутерриш пас аз даври сеюми овоздиҳӣ дар Шӯрои амнияти СММ оид ба номзадҳо барои ишғоли мансаби Дабири кулли созмони ҷаҳонӣ пешсафиро идома медиҳад. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба агентии «Франс Пресс» хабар медиҳад.
Собиқ Комиссари Олии СММ оид гурезагон Антонио Гутерриш муборизаро пас аз даври аввал пешсафӣ мекард. Ин дафъа 11 аъзои Шӯрои амният ба тарафдории ӯ овоз дода, 3 нафари дигар зид ва 1 кас бетараф баромаданд.
Вазири корҳои хориҷии Словакия Мирослав Лайчик (9 тарафдор, 5 зид ва 1 бетараф) дар ҷойи дуюм мебошад. Ӯ дар ин давр собиқ президенти Словения Данило Тюркро, ки дар даврҳои қаблӣ ҷойи дуюмро ишғол карда буд, гузашт.
Ба ҷонибдории Д. Тюрк 5 аъзои Шӯрои амният овоз дода, 6 нафари дигар зид ва 1 кас бетараф баромаданд.
Дар ҷойи сеюм намояндаи Булғористон, директори кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ва вазири корҳои хориҷии Аргентина Сусана Малкорра мебошанд.
Ҳоло 10 номзад муборизаро барои ишғоли мансаби Дабири кулли созмони ҷаҳонӣ идома медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: