ТВТ.21.09.2022. 19 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNOCT, бавижа амнияти минтақавӣ, вазъияти Афғонистон, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе дар доираи «Раванди зиддитеррористии Душанбе» баргузор мегардад, баррасӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки конфронс ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар чаҳорчӯби ин раванд инчунин Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.
Дар бахши ифтитоҳии конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, як зумра вазирон ва намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.
Натиҷаҳои конфронс дар «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»” инъикос мегардад.
Маълумоти муфассал ва пайванди электронӣ барои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии конфронс дастрас мебошад.
Манбаъ: mfa.tj