«Таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои дорои характери террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ»- таҳти чунин унвон дар Душанбе бо ташаббуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат баргузор гардид. Дар он беш аз 40 нафар кормандони гумруки «Майдони ҳавоӣ» ва дидбонгоҳи гумрукии «Пахтаобод» — Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, машварат бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳаракатҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионӣ гузаронида шуд. Дар он сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук Сабзалӣ Шарифзода ва дигар кормандони масъули мақомоти гумрук роҷеъ ба самтҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, саҳми мақомоти гумрук дар муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм, омилҳо, зуҳурот, шомилшавии ҷавонон ва оқибатҳои ногувории он, чораҳои иловагии таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймоҳо, омилҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти суиистифода аз мансаби хизматӣ дар мақомоти гумрук, муқовимат ба савдои одамон, омилҳо ва саҳми мақомоти гумрук дар пешгирии ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид шуд, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд ва дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан гумрукчиён барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ вазифаҳои муҳим меистанд.
АМИТ "Ховар"