Шуруъ аз 1 август дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуданд

Аз 1 то 31 август дар шаҳри Душанбе бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои муайяншуда  ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намоянд.

Раиси шаҳр бо ин қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, муассисаҳои давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки  ҷиҳати ташкили ғурфаҳои ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб дар ҷойҳои муайяншуда  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон  соли таҳсили 2021-2022 аз 1 сентябр шурӯъ мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: