Шумораи қурбониёни амали терррористии Кобул ба 80 нафар расид

Баъд аз зуҳри 23 июл дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — шаҳри Кобул таркиш ба амал омад. Бар асари ин  ҳодиса зиёда аз 80 нафар ҳалок ва беш аз 230 тан захмӣ гардиданд.
Дар ин бора сардори Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар Сиддиқ Сиддиқӣ ба хабарнигоррони шабакаи телевизионии «Тулӯъ» иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, се нафар террорист худро ба издиҳоми одамон расонида, сипас, маводҳои таркандаи дар баданашон насббударо  инфиҷор додаанд. Ба кормандони мақомоти полис муяссар гардидааст, ки террористи сеюмро қабл аз инфиҷор ба қатл расонанд. Тибқи иттилои расида гуруҳи ифротгарои ба ном «ДИ» масъулияти ин амали маргборро бар дӯш гирифтаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: