Бобби Чакраборти бо гурӯҳи ҳунариаш дар саҳнаи тоҷик мерақсад

Шоми имрӯз, соати 17:00, дар Филармонияи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти  рақси классикии ҳиндӣ дар иҷрои раққоси машҳури сарзамини Ҳинд Бобби Чакраборти ва ансамбли ӯ, ки бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор мегардад. 

Консерти рақси классикии ҳиндӣ дар  Душанбе дар доираи ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳадафи он тақвияти робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии фарҳанги халқи ҳинд мебошад,  ки дар Тоҷикистон маҳбубияти беандоза дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: