Ду хонандаи Душанбе дар озмуни байналмилалии навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» сазовори ҷой дуюм шуданд

Ду хонандаи синфи 5 Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи №3» ба номи А. С. Ленскийи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова дар озмуни байналмилалии навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи онлайн иштирок намуда, миёни 35 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори Мактаби мусиқии бачагонаи №3 Абудсалим Акрамов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, хонандагони муассиса бо роҳбарии омӯзгор, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Қосимова навозиши худро сабт ва манзури аъзои ҳакамон намуданд.

Аз ҷониби Вазорати ҷавонон, варзиш, фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Муаттар Маликова бо диплом ва Гулнора Низомова бо Серфитикат қадрдонӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»