Телевизиони Ӯзбекистон хабар додааст, ки пайкараи президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов дар се шаҳри Ӯзбекистон - Тошканд, Самарқанд ва Қаршӣ сохта мешавад.
Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии ин кишвар бо лоиҳаҳои пайкараҳо ошно шуда, дастур додааст, ки то оғози таҷлили 26-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон пайкараҳо ва маҷмааи ёдгории Ислом Каримов бунёд шавад.
"Халқи мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Ислом Каримовро дар радифи шахсиятҳои сиёсие чун Ҷорҷ Вашингтон, Шарл де Голл ва Мустафо Камол Атотурк ном мебарад", - гуфт Шавкат Мирзиёев дар барномаи телевизионӣ.
Дар Тошканд пайкараи Ислом Каримов дар рӯ ба рӯи дафтари кориаш - "Оқсарой" сохта мешавад. Дар Самарқанд пайкараи Каримов дар маркази шаҳр қомат меафрозад ва назди пайкара гулгашт, осорхона ва фаввора бунёд мешавад.
Як пайкараи дигари Ислом Каримовро дар маркази ноҳияи Қаршии Вилояти Қаршӣ - ҷое, ки Каримов фаъолияташро оғоз карда буд, мегузоранд.
Ба номи Ислом Каримов дар шаҳри Москваи Русия низ як гулгашт бунёд мешавад. Дар Туркманистон аллакай як гулгашт ва майдон ба номи Каримов гузошта шуд. Ислом Каримов, нахустин президенти Ӯзбекистон 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ вафот кард.