Шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупия соҳиби хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ шуд

Дар робита ба Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 ноябр аз ҷониби директори Агентӣ, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода дар вазъияти тантанавӣ дар ҳудуди бинои Шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ барои кормандон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Хобгоҳи мазкур аз як ошёна иборат буда, пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва барои истиқомати 10 нафар кормандон пешбинӣ гардидааст. Дар паҳлуи хобгоҳ ошхона барои кормандон бо тамоми шароит бунёд карда шудааст. Бо ба истифода додани майдончаи варзишии замонавӣ кормандон имкон пайдо мекунанд, ки минбаъд берун аз вақти корӣ мунтазам ба тамрин машғул шаванд.

Майдончаи варзишӣ ва атрофи он чароғон карда шуда, роҳравҳояш сафолакпӯш ва замини гирди он бо гулҳои мавсимӣ  сабзазор карда шудааст.

Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни ифтитоҳи хобгоҳ ва майдончаи варзишии замонавӣ иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз давраи таъсиси мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарсозии шароити зиндагиву хизматии ҳайати шахсӣ эътибори хосса зоҳир менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: