Лоиқ Раҷабов бо ҳарифи нав муҳориба хоҳад кард: Ҷонни Кейс ҳабс шуд

Ҳарифи варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки дар лигаи PFL-и Амрико баромад мекунад, ғайри чашмдошт иваз шуд. Муҳорибаи варзишгари тоҷик ва амрикоӣ Ҷонни Кейс бояд 21 апрел баргузор мешуд. Аммо намояндаи ИМА барои хушунати хонаводагӣ боздошт ва дар иёлати Невада маҳбус аст.

Ҷузъиёти ин воқеа ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки ҷабрдида духтари дӯстдоштаи варзишгар будааст ва ӯ низ варзишгари  муҳорибаҳои омехта мебошад.

Намояндагони мусобиқа таъҷилан ба  ивази Кейс, ки аз саф хориҷ шуд, каси дигарро ёфтанд.

Муҳорибаи Раҷабов ба 23 апрел гузаронида шуд, рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай хоҳад буд.

Мартинес — бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Омори Раҷабов низ бад нест: 17 муҳориба: 14 ғалаба.

Чорабинӣ дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар ИМА баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов дар байни сокинони Тоҷикистон бо баромадҳои муваффақонаи худ дар лигаи PFL -и Амрико, ки дар мавсими гузашта ба финал баромада буд, машҳур шуд. Дарвоқеъ, ғолиби ин мусобиқа 1 млн. доллар ба даст овард. Пеш аз ин, Лоиқ дар мусобиқаҳои гуногуни муҳорибаҳои омехта дар Германия, ки 4 соли охир дар он ҷо сукунат дошт, баромад мекард.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи N77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчид ва дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.

То имрӯз Раҷабов дар 17 муҳориба ширкат карда, 14 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: